Май 30, 2018 19:04 Asia/Dushanbe
  • Ришвахоҳии довар ва ҳазфи тими доварии Арабистон аз ҷоми ҷаҳонӣ  

Тими доварии Арабистон ба далели дархости ришваи довари аслӣ аз қазоват дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии Русия канор гузошта шуд.  

Фаҳд Алмардосӣ, довари арабистонӣ, ки қарор буд, бо тими доварии ин кишвар, дар Ҷоми ҷаҳонии Русия қазоват кунад, ба далели онки аз масъулони бошгоҳи Алиттиҳоди Арабистон талаби ришва карда буд, барои ҳамеша аз қазоват маҳрӯм шуд.  

Ӯ, ки довари дидори ниҳоии ҷоми ҳазфии Арабистон байн тимҳои Алфайсалӣ ва Алиттиҳод буд, шаби пеш аз мусобиқа бо масъулони Алиттиҳод тамос гирифта ва ба онҳо гуфта буд, агар ба ӯ пул бидиҳанд, бозиро ба суди онон рақам хоҳад зад.

 

Барчасп