Фуруди изтирорӣ, барои берун кардни мусофири бадбӯ
Бӯи бади яке аз мусофирони ҳавопаймои Боинги ширкати ҳавопаймоии Трансавия Нидерланд боиси фуруди изтирории ҳавопаймо шуд.
Ба гузориши Спутник, бӯи ба шиддат нохуше, ки аз ин мусофир паҳн мешуд, мусофиронеро, ки дар атрофи ӯ нишаста буданд, ба шиддат дучори мушкил кард, ба тавре, ки ба бархе аз онҳо ҳолати дилбеҳузурӣ даст дод ва ҳатто баъзе аз онҳоро то остонаи беҳушӣ бурд.
Ин ҳавопаймои Боинг ба Амстердам мерафт, аммо бӯи бисёр бади ин мусофир халбонро маҷбур ба фуруди изтирорӣ дар Португалия кард.
Хадамаи ҳавопаймо ибтидо барои ҳалли мушкил саъй карданд мусофири бадбӯро то фуруди ҳавопаймо, дохили дастшӯӣ нигаҳ доранд, аммо ин кор таъсире дар беҳбуди авзо надошт.
Бинобар ин халабони ҳавопаймо маҷбур шуд дар Португалия ба таври изтирори фуруд ояд ва мусофири мушкилсозро аз ҳавопаймо берун кунад.
Мусофироне ки ба иллат бӯи бади ҳамсафари худ дучори мушкил шуда буданд, дар ин фосила таҳти муроқибат қарор гирифтанд.
Яке аз мусофирони ҳавопаймо, ки аз наздик шоҳиди моҷаро буд, гуфтааст, зоҳиран мусофири бадбӯ аз ҳафтаҳо пеш ҳаммом накарда буд.
Ин аввалин бор нест, ки ширкати ҳавопаймоии Трансавия Нидерланд бо мушкил бӯи бади мусофирон дучори дарди сар мешавад.