Июн 09, 2018 17:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сарони Русия ва Чин бар ҳимоят аз БАРҶОМ

Руасои ҷумҳури Русия ва Чин бар ҳимоят аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 1+5 (БАРҶОМ) таъкид карданд.

Владимир Путин ва Си Ҷин Пинг, руасои ҷумҳури Русия ва Чин дар баёнияе муштарак пас аз дидори рӯзи ҷумъаи худ дар Пекин эълом карданд, Маскав ва Пекин тамом талошҳои худро барои муҳофизат аз БАРҶОМ ба кор хоҳанд баст.

Эрон ва панҷ кишвари узви доими Шӯрои амнияти Созмони милал яъне Амрико, Фаронса, Британия, Русия ва Чин ба иловаи Олмон дар июни 2015 ба тавофуқе даст ёфтанд.

Қарор буд, дар изои эҷоди маҳдудият дар бахшҳое аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ҳамаи таҳримҳои байналмилалӣ ва якҷонибаи муртабит бо барномаи ҳастаии Эронро рафъ кунад.

Ҳарчанд давлати қаблии Амрико низ чандон пойбандӣ ба БАРҶОМ надошт, бо ин ҳол коршиканиҳои Амрико дар иҷрои БАРҶОМ аз замони омадани Доналд Трамп ба унвони раисҷумҳури Амрико шиддат гирифт.

Трамп дар иқдоме, ки нақзи сареҳи мафоди БАРҶОМ маҳсуб мешавад, борҳо таҳдид кард, кишварашро аз ин тавофуқ хориҷ хоҳад кард. Трамп дар 8 май Амрикоро аз БАРҶОМ хориҷ кард.

Михаил Олиянов, намояндаи Русия дар Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ мегӯяд: Амрико на танҳо ба тавофуқи ҳастаии Эрон эҳтиром нагузошта, балки саъй дорад, то монеъ аз пойбандии дигар тарафҳои БАРҶОМ шавад.

Ба гуфтаи Валиаллоҳи Сайф, раиси Бонки марказии Эрон, бо вуҷуди фишорҳои бисёр зиёд ва таҳримҳои эъмолшуда дар давраи пасо-БАРҶОМ, бонкҳо ва ширкатҳои чинӣ ҳамкории бисёр хубе бо ҳамтоёни эронии худ доштаанд ва қарордодҳои мутааддиде байни бонкҳои тарафайн мунъақид шудааст.

Баёнияи муштараки руасои ҷумҳури Русия ва Чин таъкиде дубора бар азми ин ду қудрати байналмилалӣ бар ҳифзи БАРҶОМ ба унвони тавофуқест, ки муҷиби афзоиши субот ва амнияти байналмилалӣ шудааст.

 

Барчасп