Июн 12, 2018 13:14 Asia/Dushanbe
  • Амрико ва Кореяи Шимолӣ тавофуқномаи дуҷониба имзо карданд

Раисҷумҳури Амрико ва раҳбари Кореяи Шимолӣ дар поёни дидорашон бо ҳузури мақомҳои ду кишвар дар меҳмонхонаи “Капла”-и ҷазира Сентосаи Сингапур тавофуқномаи дуҷониба имзо карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, Доналд Трамп ва Ким Ҷун Ун рӯзи сешанбе ин тавофуқномаро дар ҳузури мақомҳои аршади Амрикою Кореяи Шимолӣ ва хабарнигорони расонаҳои ҷаҳон имзо карданд. Дар мавриди ҷузиёти ин тавофуқ иттилооти бештаре то кунун мунташир нашудааст, аммо бархе нозирону таҳлилгарон навиштаfнд, ду тараф барои идома ёфтани гуфтугӯҳои дуҷониба тавофуқ карданд. Раисҷумҳури Амрико ва раҳбари Кореяи Шимолӣ пас аз имзои ин тавофуқнома ба хабарнигорон гуфтанд, ки санади муҳим ва таърихиро имзо кардаанд. Бо ин ҳол, дар поёни дидори Трамп ва Ким ҳеҷ як аз мақомҳои ду тараф ҷузиёт, чорчӯб ва таърифи дақиқу мушаххасе аз орисозии шибҳиҷазираи Корея аз силоҳи атомӣ ироа накарданд.

Дидори раисҷумҳури Амрико ва раҳбари Кореяи Шимолӣ ба далели 65 соли душмании ду кишвар бо якдигар яке аз муҳимтарин нишастҳои қарни ҳозир арзёбӣ шудааст. Дар як соли ахир Трамп ва Ким борҳо ба ҳам тохта буданд, ба ҳадде ки Трамп раҳбари Кореяи Шимолиро "марди мушакӣ, кӯтоҳи фарбеҳ” ва Ким раисҷумҳури Амрикоро «пири ёвагӯи нодон» хонда буд.