Дидори Трамп ва Ким Ҷунг Ун: таҳаввули воқеӣ ё ҷанҷоли таблиғотӣ
Саранҷом пас аз муддатҳо интизор, дидори Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва Ким Ҷунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Сингапур, ки аз он ба унвони дидоре таърихӣ ёд мешавад баргузор шуд.
Пас аз ин дидор, ки ибтидо ба сурати дунафара ва сипас ба сурати дидори ду ҳайат анҷом шуд, Трамп муддаӣ шуд, ки нишасти вай бо Ким Ҷунг Ун ба хубӣ пеш рафт. Трамп дар бораи масъалаи таслиҳоти ҳастаии Кореяи Шимолӣ гуфт, ду тараф бо ҳамдигар дар ин замина ҳамкорӣ ва талош хоҳанд кард.
Ҳарчанд то кунун вокунише аз ҷониби тарафи Кореяи Шимолӣ дар бораи натиҷаи ин музокирот иброз нашудааст, бо ин ҳол баид ба назар мерасад ин дидор, ки бештар сарфи арзёбии ду тараф ва низ ибрози хостаҳо шудааст, дар вазъи кунунӣ ба натиҷае бирасад. Зимни ин ки Кореяи Шимолӣ бо таваҷҷуҳ ба мавозеъ ва иқдомоти Трамп дар хуруҷи Амрико аз БарҶом ва низ ихтилофоти амиқи Амрико ва дигар аъзои Гурӯҳи 7, ки дар нишасти ахири сарони ин гурӯҳ дар Канада намоён шуд, чандон эътимоде ба Вашингтон ва Трамп ва ваъдаҳои вай надорад.
Сюзан Димаггио, таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд, дар музокироти ғайрирасмӣ, ки ман бо мақомҳои Кореяи Шимолӣ доштаам, онҳо ҳамвора ба масъалаи БарҶом ишора мекунанд.
Дар воқеъ лағви тавофуқи ҳастаии БарҶом бар музокироти давлати Трамп бо Кореяи Шимолӣ соя андохтааст. Сиёсатмадорони ҳизби демократ дар Амрико мегӯянд, иқдомоти Трамп дар хусуси Эрон ва БарҶом боис мешавад дасти Трамп барои тавофуқ бо Кореяи Шимолӣ бастатар шавад.
Бен Кардин, узви демократи Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси сано гуфт, ин ки раисҷумҳурии Амрико аз тавофуқи байналмилалӣ (БарҶом) хориҷ шуд, бар эътибори Амрико асар мегузорад.
Расонаҳои амрикоӣ бо барҷаста кардани хостаҳои Вашингтон эълом карданд, ки дастури кори музокироти Трамп ва Ким Ҷунг Ун халъи силоҳи атомии Кореяи Шимолӣ аст. Зимни ин ки Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико таъкид кард, давлати Трамп ҳанӯз то дастёбӣ ба аҳдофаш дар бораи Кореяи Шимолӣ хеле фосила дорад. Аз нигоҳи ин мақоми аршади амрикоӣ он чӣ дар бораи Кореяи Шимолӣ мадди назар аст, тағйире роҳбурдӣ дар ҳидояти Кореяи Шимолӣ тавассути Ким Ҷунг Ун -раҳбари ин кишвар аст.
Бо ин ҳол ҳадди аксар он чи ки Пхенян ҳозир ба анҷоми он аст, музокира дар бораи масоили ҳастаӣ ва мушакӣ ва дар муқобил касби имтиёзоти калидӣ аз Сеул ва Вашингтон аст.
Асосан Пхенян пас аз эъломи ин ки тамоми хоки Амрико дар тирраси мушакҳояш аст, пешниҳоди музокира бо Амрикоро дод, ки аз нигоҳи таҳлилгарон баёнгари он буд, ки бо доштани баргаҳои ҳастаӣ ва мушакӣ дар мавзеи қудрат қарор дорад ва метавонад дар музокираи рӯ дар рӯ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба унвони қудрати хориҷии мудохилагар дар шибҳиҷазираи Корея аз мавзеи бартар ва бо ҳадафи гирифтани имтиёз вориди музокира шавад.
Бо вуҷуди изҳороти таблиғотии Трамп пас аз дидор бо Ким Ҷунг Ун, бояд ба хотир дошт, ки Кореяи Шимолӣ бо дар назар доштани таҷрибаи БарҶом, сирфан дар чорчӯби раванди тадриҷӣ ва бо касби имтиёзоти мутақобил ҳозир ба чашмпӯшӣ аз бахше аз тавонмандии ҳастаӣ ва мушакии худ хоҳад шуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ ин барги барандаи худро ба таври комил канор нахоҳад гузошт.