Ҳамлаи Толибон ба нерӯҳои артиш дар шимоли Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i35526-Ҳамлаи_Толибон_ба_нерӯҳои_артиш_дар_шимоли_Афғонистон
Дар ҳамлаи аъзои гурӯҳи Толибон ба мавозеи артиши Афғонистон дар шимоли ин кишвар 13 нерӯи артиши афғон кушта шуданд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 12, 2018 19:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи Толибон ба нерӯҳои артиш дар шимоли Афғонистон

Дар ҳамлаи аъзои гурӯҳи Толибон ба мавозеи артиши Афғонистон дар шимоли ин кишвар 13 нерӯи артиши афғон кушта шуданд.  

Муҳаммаднур Раҳмонӣ, раиси Шӯрои вилояти Сарипул дар шимоли Афғонистон эълом кард, ин 13 сарбози нерӯҳои артиши ин кишвар дар ҳамлаи аъзои Толибон ба посгоҳҳои артиш дар шаҳристони Саёд аз тавобеи Сарипул кушта шуданд.  

Дар ин ҳамла рустои Қуфлотуни шаҳристони Саёди вилояти Сарипул ва ҳафт посгоҳи нерӯҳои амниятӣ ба дасти Толибон суқут кардааст.