Июн 28, 2018 12:42 Asia/Dushanbe
  • Фарофикании барҷомии ҷадиди Амрико алайҳи Эрон

Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмонии Милал бо интишори баёнияе муддаӣ шуд, ки Эрон ҳамчунон ба нақзи Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният идома медиҳад.

Ҳейли бо ишора ба гузориши Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал муддаӣ шуд, ки ин гузориш нишон медиҳад, Эрон ҳамчунон ба саросари Ховари Миёна силоҳҳои худро ирсол мекунад ва дар ҳоли нақзи қатъномаҳои Шӯрои амният аст.

Фарофикании барҷомии ҷадиди Амрико алайҳи Эрон бо таваҷҷуҳ ба мавзеъгирии якпорчаи ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом ва идомаи ошкори иқдомоти Вашингтон бар хилофи Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният маъно пайдо мекунад.

Иқдоми Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар 8-уми майи соли 2018 дар эъломи хуруҷи Амрико, бо маҳкумияти густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳампаймонони аврупоии Вашингтон мувоҷеҳ шуда ва тарафҳои дигари ин тавофуқ, ба вижа сегонаи аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои идомаи иҷрои он вориди гуфтугӯ бо Эрон шудаанд. Зимни ин ки Русия ва Чин низ бар лузуми идомаи иҷро таъкид карда ва дар бораи паёмадҳои хатаромези лағви БарҶом ҳушдор додаанд.

Ба гуфтаи Корен Пирз, намояндаи Британия дар Созмони Милал тавофуқи ҳастаӣ (БарҶом) бахши асосии меъмории режими манъи густариши таслиҳоти ҳастаӣ аст ва муҳимтар ин ки ин тавофуқ дар ҳоли кор кардан аст ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар охирин гузориши худ таъйид кард, ки Эрон ба тааҳҳудоти барҷомии худ пойбанд будааст.

Ҳарчанд Гутерреш дар гузориши худ сароҳатан бар пойбандии беқайду шарти Эрон ба тааҳҳудоти барҷомиаш таъкид карда, бо ин ҳол Амрико бо сӯиистифода аз бахше аз ин гузориш, ки дар он тамаркуз бар замимаи “Б”-и Қатъномаи 2231 дар бораи фаъолиятҳои мушакӣ ва нақлу интиқоли таслиҳот, иддаоҳое дар бораи фаъолиятҳои минтақаии Эрон матраҳ шуда, Теҳронро муттаҳам ба нақзи Қатъномаи 2231 кардааст.

Русия дар қиболи гузориши ахири Гутерреш мавзеи интиқодомез гирифтааст. Русҳо муътақиданд, ки бояд дар ин гузориш ба иқдомоти ошкори Амрико дар заминаи нақзи Қатъномаи 2231, аз ҷумла вазъи муҷаддади таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон пардохта мешуд, дар ҳоле ки дабири кулли Созмони Милал сирфан ба ибрози таассуф дар ин замина басанда кардааст.

Ба гуфтаи Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид қобили фаҳм нест, ки чӣ гуна гузорише аз иҷрои Қатъномаи 2231 ҳеҷ ишорае ба иқдоми Вашингтон дар вазъи муҷаддади таҳримҳои якҷониба алайҳи Эрон накарда?. Мавзӯе, ки на танҳо нақзи фоҳиши тааҳҳудоти ин кишвар дар БарҶом, балки нақзи Қатъномаи 2231 аст.

Дар воқеъ Амрико бо фирор ба пеш ва барои ин ки беш аз ин дар маърази интиқодот ва фишорҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла шарикони аврупоии худ барои хуруҷ аз БарҶом қарор нагирад, нақзи Қатъномаи 2231 аз сӯйи Эронро дастовези иқдоми худ қарор додааст.

Бо ин ҳол ҳамаи давлатҳои гурӯҳи 5+1 ба истиснои Амрико ва ҳамчунин Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба унвони нозири иҷрои тавофуқи БарҶом то кунун борҳо пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти ҳастаии худ дар чорчӯби БарҶомро мавриди таъйид қарор додаанд.

Ҳамчунин иддаои Никки Ҳейли дар бораи ирсоли силоҳ тавассути Эрон ба бархе тарафҳо дар минтақа дар ҳолест, ки ҷунбиши мардумии Ансоруллоҳи Яман борҳо таъкид кардааст, Эрон ҳеҷ силоҳе ба Яман намедиҳад.

Дар воқеъ Амрико ноқизи аслии Қатъномаи 2231 бо хуруҷи якҷониба аз БарҶом аст, ки нишонаи адами пойбандии он ба тавофуқот ва тааҳҳудоти байналмилалӣ аст. Зимни ин ки Амрико аз тадоруккунандагони аслии таслиҳоти режими Саудӣ аст, ки беш аз се сол аст, ки ҷанги вайронгарро алайҳи Яман ба роҳ андохтааст.

 Бад-ин тартиб ҳамаи иттиҳомоте, ки Амрико алайҳи Эрон дар заминаи нақзи Қатъномаи 2231 матраҳ карда, мутаваҷҷеҳи худи ин кишвар аст.

 

 

Барчасп