Танзпардози амрикоӣ Трампро сари кор гузошт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36288-Танзпардози_амрикоӣ_Трампро_сари_кор_гузошт
Танзпардози амрикоӣ бо барқарории тамоси телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Амрико, худро ба унвони сенатори демократ муаррифӣ кард ва перомуни масоили ҷории ин кишвар бо вай гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 30, 2018 06:46 Asia/Dushanbe
  • Танзпардози амрикоӣ Трампро сари кор гузошт

Танзпардози амрикоӣ бо барқарории тамоси телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Амрико, худро ба унвони сенатори демократ муаррифӣ кард ва перомуни масоили ҷории ин кишвар бо вай гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҷон Мелендес дар файли савтӣ аз ин тамос, ки дар фазои маҷозӣ мунташир кардааст, ибтидо бо Кохи Сафед тамос гирифта ва хоҳони гуфтугӯи телефонии  Боб Менендес, сенатори демократ аз иёлати Ню-Ҷерси бо Трамп шуд.

Трамп дар ин гуфтугӯ дар ҳоле, ки ҳувияти дурӯғини ин танзпардозро бовар карда буд ва вайро “Боб” хитоб мекард, ба парвандаи фасоди ахлоқии ӯ дар сенат ишора кард ва озод шудани вайро табрик гуфт.

Раиси ҷумҳурии Амрико, ки худ борҳо ба фасоди ахлоқӣ ва равобити нораво муттаҳам шудааст, вазъияти иттиҳомҳо алайҳи ин сенаторро ғайриодилона тавсиф кард.

Мелендес - танзпардози амрикоӣ ҳамчунин дар бораи дастури Трамп барои бозгардонидани кӯдакони муҳоҷир ба хонаводаҳои онон аз вай пурсида,  хостори посухи ӯ дар ин бора шуд.