Июл 02, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъулияти инфиҷори террористии Ҷалолободро бар ӯҳда гирифт

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти инфиҷори террористӣ дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор (шарқи Афғонистон)-ро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, асри якшанбе ҳамзамон бо сафари Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ба шаҳри Ҷалолобод, як омили террорист, бомбҳои ҳамроҳи худро дар миёни ҷамъият дар ин шаҳр мунфаҷир кард, ки бар асари он 20 нафар кушта ва 20 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ эълом кард, қасд дошт дар ин ҳамла Муҳаммад Ашраф Ғаниро, ки барои ифтитоҳи бархе тарҳҳои умронӣ ва дидор бо мардум ба шаҳри Ҷалолобод сафар карда буд, ҳадаф қарор диҳад.

Ин инфиҷор пас аз поёни суханронии Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар майдони Паштунистони шаҳри Ҷалолобод рӯй дод, вале раисиҷумҳури Афғонистон дар замони вуқӯъ инфиҷор, дар ин маҳалл ҳузур надошт.

Манотиқи мухталифи Афғонистон дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамалот ва инфиҷорҳои террористӣ будааст.

Дар ҷинояти дигар, аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ се нигаҳбони мадрасаеро дар вилояти Нанагарҳор дар шарқи Афғонистон сар бурид ва китобхонаи мадрасаро низ ба оташ кашиданд.

Волии вилояти Нангарҳор ба нируҳои амниятии Афғонистон дастур додааст, то омилони ин ҷиноятро дастгир ва ба дасти қонун бисупоранд.