Июл 02, 2018 15:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба атбои худ барои сафар ба Амрико

Чин ба атбои худ барои сафар ба Амрико ба далели ноамн будани манотиқи мухталифи ин кишвар ва тирандозиҳои маргбор ҳушдор дод.  

Сафорати Чин дар Вашингтон имрӯз бо интишори баёнияе бо баёни инки Амрико ба далели озодии ҳамли силоҳ ва кушторҳои густарда дар тирандозиҳои маргбор аз ноамнтарин нуқоти ҷаҳон ба ҳисоб меояд, аз атбои худ хост, дар сафар ба Амрико масоили амниятиро риоят кунанд.  

Дар баёния омадааст: Амрико ноамн аст ва бар асари тирандозиҳои маргборе, ки ба таври мутаволӣ дар ин кишвар рӯй медиҳад, токунун шуморе аз атбои чинӣ ба қатл расидаанд.  

Пекин ҳамчунин аз шаҳрвандони чинии муқими Амрико хостааст, то ҳадди имкон ба танҳоӣ шабҳо аз маҳалли иқомати худ хориҷ нашаванд.  

Соли 2017 беш аз 3 миллион чинӣ ба Амрико сафар кардаанд ва то 2022 ин рақам ба 4 миллиону 500 ҳазор нафар хоҳад расид.

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико эълом кард, дар ду рӯзи ахири ҳафтаи гузашта 165 маврид тирандозӣ дар иёлотҳои мухталиф рӯй додааст, ки 43 нафар кушта ва беш аз сад нафари дигар захмӣ шудаанд.

Солиёна ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ бо силоҳи гарм дар нуқоти мухталифи Амрико кушта ва ё захмӣ мешаванд.