Таъкиди намояндаи маҷлиси афғон бар нақши Амрико ва Англия дар ноамнӣ ва ҷанг дар Афғонистон
(last modified 2018-07-03T10:35:27+00:00 )
Июл 03, 2018 15:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди намояндаи маҷлиси афғон бар нақши Амрико ва Англия дар ноамнӣ ва ҷанг дар Афғонистон

Намояндаи вилояти Бағлон дар Маҷлиси Афғонистон бо таъкид бар нақши Амрико ва Англия дар эҷоди ноамнӣ ва ҷанг дар Афғонистон гуфт: Мардуми ин кишвар баҳои ҷангеро дар Афғонистон мепардозанд, ки Амрико ва Англия онро эҷод кардаанд.

Абдулсаттори Дарзобӣ гуфт: Давлати Афғонистон барои таваққуфи ҷанге, ки бегонагон дар ин кишвар ба роҳ андохтаанд, бояд иқдомоти асосӣ ва ҷиддӣ анҷом диҳад.  

Вай афзуд: Ҷанги ҷорӣ дар Афғонистон байни мардуми ин кишвар нест, балки байни кишварҳои хориҷӣ аст ва ин кишварҳо бояд зимни поён додан ба ҷанг, ҳарчи сареътар хоки ин кишварро тарк кунанд.

Намояндаи вилояти Бағлон гуфт: Хуни мардуми Афғонистон дигар набояд барои аҳдофи кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон бар замин рехта шавад.

Коршиносони масоили байналмилал муътақиданд, ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон танҳо омили идомаи ҷанг дар ин кишвар аст.

 

Барчасп