ДИИШ масъули ҳамла ба қатори мусофирбарии Олмон
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъули ҳамла ба мусофирони қатор дар Олмонро бар уҳда гирифт.
Ба иттилои хабаргузории Фаронса, ДИИШ эълом кард, муҳоҷими афғон, ки бо корд ва табар ба мусофирони як қатор дар Олмон ҳамла кард, аз омилони ин гурӯҳ будааст.
Пештар низ мақомоти олмонӣ аз пайдо шудани парчами гурӯҳи террористии ДИИШ дар хонаи омили ҳамла бо табар ба мусофирони қаторӣ дар Бавария хабар дода буданд.
Як навҷавони 17 солаи афғон душанбе шаб бо табар ва корд ба мусофирони қаторӣ дар шаҳри Вюртсбург дар шимоли ғарби Мюнхен ҳамла кард.
Бар асари ин ҳамла датикам 20 нафар маҷруҳ шуданд.
Ҳоли бархе аз захмиҳои ин ҳамла вахим гузориш шудааст.
Фарди муҳоҷим пас аз ин ҳамла ба зарби гулулаи полис кушта шуд .