Сайидҳасан Насруллоҳ: Амрико ва Англия гурӯҳҳои террористиро барои тахриби чеҳраи гурӯҳҳои муқовимат месозанд
(last modified 2024-07-13T05:16:11+00:00 )
Июл 13, 2024 10:16 Asia/Dushanbe
  • Сайидҳасан Насруллоҳ: Амрико ва Англия гурӯҳҳои террористиро барои тахриби чеҳраи гурӯҳҳои муқовимат месозанд

Порс тудей-Сайидҳасан Насруллоҳ-дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, аз Амрико ва Англия ба унвони бавуҷудоварандагони гурӯҳҳои террористӣ ном бурд.

Сайидҳасан Насруллоҳ дар маросими азодории сарвару солори шаҳидон, Имом Ҳусайн (а), набера ва аҳли байти Паёмбари гиромии ислом (с) тасреҳ кард, гурӯҳҳои террористӣ сохта ва пардохтаи созмонҳои истихборотии Амрико ва Англия ҳастанд.

 Ба гузориши Порс тудей,Сайидҳасан Насруллоҳ хотирнишон кард, иқдоми дастгоҳҳои иттилоотии Амрико ва Англия барои сохти гурӯҳҳои террористӣ бо ҳадафи иҳонат ба арзишҳои муртабит бо ҷиҳод, шаҳодат ва муқовимат сурат гирифтааст.

 Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд, пас аз соли 2000, як маъракаи қавӣ дар Ғарб дар сатҳҳои фарҳангӣ, расонаӣ ва ғайра оғоз шуд, ки ҳар ончи марбут ба муқовимат будро мавриди ҳадаф қарор дод ,то ҷое, ки калимаи ҷиҳод табдил ба як калимаи манфӣ шуд.

  Амрико ва Англия аз эҷодкунандагон ва ҳомиёни аслии гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ ҳастанд.

 Бархе аз унсурҳои ДИИШ, ки ба хусус дар Сурия ҳузур доранд, дар урдугоҳҳое ҳастанд, ки шуморе аз ин урдугоҳҳо таҳти контроли Амрико қарор дорад. Урдугоҳи «ал-Ҳул» дар устони Ҳасакаи Сурия, ки аслитарин маркази нигаҳдории террористҳои ДИИШ аст, аз ҷумлаи ин урдугоҳҳо аст. То кунун дар гузоришҳои фаровоне аз манобеъи маҳаллӣ омадааст, ки артиши Амрико иқдом ба интиқоли террористҳои ДИИШ аз зиндонҳо ба пойгоҳҳои низомӣ мекунад ва манобеъи амниятӣ низ борҳо гуфтаанд, ки Амрико иқдом ба омӯзиш ва таҷҳизи аносири ДИИШ мекунад, то даст ба ҳамалоти террористӣ дар кишварҳои минтақа аз ҷумла Сурия бизананд ва ин гуна баҳонаи лозим барои идомаи ҳузури артиши Амрико дар ғарби Осиё вуҷуд дошта бошад. Дар воқеъ, амрикоиҳо, ки таҳти фишори мардуми минтақа барои хурӯҷи низомиёни ин кишвар қарор доранд, тадовум ҷиноятҳои ДИИШ-ро ҳамсу ва созгор бо манофеъи худ барои боқӣ мондан дар Сурия ва Ироқ медонанд.

 

Барчасп