Июл 13, 2018 19:10 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи Ҳамос аз таҳрими колоҳои саҳюнистӣ дар Ирландия

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) иқдоми маҷлиси сенои Ирландия дар тасвиби пешнависи қонуни таҳрими колоҳои тавлидшуда дар шаҳракҳои саҳюнистнишин ва муҷозоти тамоми воридкунандагони ин колоҳоро сутуд.

Чаҳоршанбеи гузашта (11 июл) маҷлиси сенои Ирландия ба тарҳи мамнуъияти воридоти маҳсулоти сохташуда дар шаҳракҳои саҳюнистнишин раъйи мусбат дод, ки ин мусавваба бо хашми исроилиҳо мувоҷеҳ шуд.

Бар асоси мусаввабаи сенои Ирландия, ҳимояти иқтисодӣ аз шаҳракҳои ғайриқонунӣ дар манотиқи ишғолӣ ва тиҷорат бо ин манотиқ мамнуъ аст.

Ба гузориши маркази иттилорасонии Фаластин, ҷунбиши Ҳамос дар баёнияе бо ишора ба аҳамияти тарҳи мамнуъияти тиҷорат бо режими саҳюнистӣ, эълом кард: Ин иқдом исботи муҷрим будани ишғолгарони саҳюнист, сиёсатҳои золимонаи шаҳраксозӣ ва таъкиде бар ҳақи миллати бедифои Фаластин аст.

Ҷунбиши Ҳамос ҳамчунин аз кишварҳои ҷаҳон хост, ҳаммонанди Ирландия дар заминаи таҳрими режими саҳюнистӣ ва мунзавӣ кардани он талош ва бори дигар аз миллати Фаластин ҳимоят кунанд.

Пеш аз ин низ ҷунбиши ҷаҳонии таҳрими Исроил (BDS) бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин, ширкатҳо, донишгоҳҳо ва муассисоти матраҳи байналмилалии саросари ҷаҳонро ба таҳрими режими саҳюнистӣ ва созмонҳои муртабит бо ишғолгарон тарғиб карда буд.