Парлумони режими саҳюнистӣ ихтиёри эъломи ҷангро аз Нетаняҳу пас гирифт
Июл 18, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
Парлумони режими саҳюнистӣ (Кнессет) ихтиёри эъломи ҷанг бидуни мувофиқати кобинаро, ки чанд моҳ пеш ба Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим дода буд, аз ӯ пас гирифт.
Кнессети режими саҳюнистӣ 30 апрел бо вуҷуди мухолифати кумитаҳои тахассусӣ, ин ихтиёрро ба нахуствазири ин режим дод, ки дар шароити изтирорӣ бидуни дарёфти тайид аз кобина, алайҳи Ғазза эъломи ҷанг кунад.
Лағви ин қонун сешанбе бо 77 раъйи мусбат дар баробари 16 раъйи манфӣ ба тасвиб расид, ки бар асоси он аз ин пас ҳаргуна эъломи ҷанг тавассути Нетаняҳу мусталзими назари мувофиқи кобинаи вай хоҳад буд.
Барчасп