Чин: Трамп дунёро ба ҳарҷу марҷ кашидааст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i36834-Чин_Трамп_дунёро_ба_ҳарҷу_марҷ_кашидааст
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин гуфт, раисҷумҳури Амрико дунёро ба ҳарҷу марҷ кашондааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 23, 2018 07:47 Asia/Dushanbe
  • Чин: Трамп дунёро ба ҳарҷу марҷ кашидааст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин гуфт, раисҷумҳури Амрико дунёро ба ҳарҷу марҷ кашондааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҳуо Чунин рӯзи душанбе дар ҷамъи хабарнигорон дар Пекин бо ишора ба ҷанги тиҷории Амрико бо Чин ва кишварҳои дигар таъкид кард, Вашингтон ба ҷойи он ки масъули назмдиҳӣ ба иқтисод ва мудирияти ҷаҳон бошад, худ ба омили беназмӣ табдил шудааст.

Вай изҳори назарҳои давлатмардони Амрико ва иқдомоти онҳо дар муқобила бо дигар кишварҳо дар арсаи тиҷоратро густохона тавсиф кард ва гуфт, Вашингтон ба худ осеб мерасонад.

Вашингтон дар ҳоли ҳозир рӯйи 34 миллиард доллар аз колоҳои содиротии Чин 25 дарсад таърифа ё нархнома ҷорӣ кардааст, ки ин иқдом бо вокуниши Чин мувоҷеҳ шуда ва Пекин низ дақиқан ин рақамро бар колоҳои воридотии Амрико ҷорӣ кардааст.

Аммо Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико Чинро ба эъмоли таърифаҳои бештар то сақфи 200 ва 500 миллиард доллар таҳдид кардааст.

Охирин ҷанги тиҷории Амрико марбут ба соли 1930 ва замоне аст, ки конгресси ин кишвар дар авҷи рукуди бузурги иқтисодӣ, таърифаҳои воридотии сангинеро ҷорӣ кард.