Амрико: Мушкили таърифаҳо бо Аврупо ба зудӣ ҳал мешавад
Вазири хазонадории Амрико муддаӣ шуд, мушкили таърифаҳо бо Иттиҳодияи Аврупо хеле зуд ҳал мешавад.
Ба гузориши Хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Стивен Мнучин, вазири хазонадории Амрико иддао кард, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии ин кишвар ва сарони аврупоӣ ба тавофуқи куллӣ расиданд то аз боло гирифтани таниш дар муноқишаи тиҷорӣ худдорӣ кунанд.
Мнучин гуфт, дар нахустин давр аз гуфтугӯҳои байни Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба мавзӯи таърифаҳои фулод ва алюминий ва иқдомҳои мутақобили ду тараф пардохта мешавад.
Ба гуфтаи вазири хазонадории Амрико, агар тавофуқ ба даст биёяд ҳеҷ таърифае, аз ҷумла бар худравҳои хориҷӣ дар Иттиҳодияи Аврупо вазъ нахоҳад шуд.
Давлати Амрико таърифаи 25-дарсадӣ барои воридоти фулод ва таърифаи 10-дарсадӣ барои воридоти алюминий ҷорӣ карда, ки ин мавзӯъ бо вокуниши тунди мақомҳои Иттиҳодияи Аврупо, Мексика ва Канада мувоҷеҳ шуд ва онҳо низ иқдоми мушобеҳе дар моқобили гурӯҳе аз маҳсулоти амрикоӣ анҷом доданд.