Интиқоди шадиди Путин аз рӯйкарди таҳриммеҳвари Амрико
(last modified Sat, 28 Jul 2018 14:18:13 GMT )
Июл 28, 2018 19:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди Путин аз рӯйкарди таҳриммеҳвари Амрико

Системи тиҷории чандҷонибагароёна бар асоси усули Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ҳамчунон мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз мақомоти ҷаҳон қарор дорад.

Дар ин росто Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо интиқод аз рӯйкарди таҳриммеҳвари раисҷумҳури Амрико тасреҳ кард, таҳримҳои Вашингтон муҷиби тазъифи эътимоди ҷаҳонӣ ба доллар шудааст.  

Путин дар ҳоле дар бораи тазъифи эътимоди ҷаҳонӣ ба доллар ҳушдор додааст, ки пеш аз ин низ Сандуқи байналмилалии пул аз коҳиши нақши доллар дар захоири арзии кишварҳои мухталифи ҷаҳон хабар дода буд.

Бино бар эъломи ин ниҳод, саҳми доллар дар захоири арзии кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар се моҳи нахусти 2018 коҳиш ёфтааст ва кишварҳо ба евро ва юан гароиши бештаре пайдо кардаанд.

Вашингтон ҳамвора аз вобастагии ширкатҳо ва бонкҳо ва системи молии байналмилалӣ ба доллар ба унвони аҳруме барои водоштани дигарон ба пайравӣ аз хостаҳои худ, сӯиистифода кардааст.

Ба назар мерасад, сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Трамп дар арсаи сиёсӣ ва иқтисодӣ, эъмоли таҳримҳо ва хуруҷ аз тавофуқҳои байналмилалӣ, акнун беш аз пеш раҳбарони ҷаҳонро мутаваҷҷеҳи шароит кардааст.

Гароиш ба канор гузоштан доллар дар муомилоти ҷаҳон суръат гирифтааст.

Масъулони бештари кишварҳои африқоӣ ба вижа иқтисодҳои аслии ин қора низ бар лузуми густариши муомилот бо юан таъкид мекунанд.

Калеб Фанданго, мудири иҷроии муассисаи мудирияти иқтисоди калон ва молӣ дар ин замина гуфт: “Натиҷагирии муштараки мо ин аст, ки бояд аз юан истифодаи бештаре кард. Ин бо манофеи миллии мо ҳамхонӣ дорад ва аз навасонот мекоҳад”.

Дар маҷмуъ раванди кунунӣ ва сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Трамп ба вижа эъмоли таҳримҳо нишонаи камаҳаммият шудани арзиши доллар дар саҳнаи ҷаҳонӣ ва қудрат гирифтани дигар арзҳо дар низоми тиҷорати ҷаҳонӣ аст.