Июл 29, 2018 12:38 Asia/Dushanbe
  • Мусод - сардамдори террор дар ҷаҳон

Рӯзномаи Daily Mail (Дейли-Мейл) дар гузорише навишт, хадамоти ҷосусии Мусод (Mossad) ба сардамдори террор дар ҷаҳон бадал шудааст.

Ба гузориши рӯзномаи Daily Mail, режими саҳюнистӣ танҳо дар 10 соли гузашта 800 амалиёти террор анҷом дода, ки мунҷар ба кушта шудани ҳазорон тан шудааст.

Бар асоси ин гузориш, маъмурони Мусод баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум беш аз дастгоҳҳои ҷосусии ҳар кишваре одам куштаанд.

Дейли-Мейл навишт, режими саҳюнистӣ акнун ба сардамдори террор дар дунё бадал шудааст, масъала ин аст, ки ҷосусони Мусод натанҳо беш аз дастгоҳҳои ҷосусии тамоми кишварҳо аз замони ҷанги ҷаҳонии дувум террор анҷом додаанд, балки ҳаминак суръати ин кор афзоиш ёфтааст.

Дейли-Мейл ҳамчунин ба амалиёти террористии мусод дар 10 январи 1978 ишора кард ва навишт: Авомили Мусод бо хамирмдандоне, ки аз заҳри кушандае ки пур шуда буд, як фаластиниро ба шаҳодат расонданд.

Созмони ҷосусии бадноми Мусод, собиқае тӯлони дар террор ва низ ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дорад.

 

Барчасп