Интиқоди нахустин зани мусулмони роҳёфта ба Конгресси Амрико аз Трамп
Август 09, 2018 18:48 Asia/Dushanbe
Нахустин зани мусулмони роҳёфта ба Конгресси Амрико аз сиёсатҳои табъизомез ва нажодпарастонаи раисҷумҳури ин кишвар интиқод кард.
Рашидаи Толиб, зани мусулмони амрикоии фаластинитабор, ки чаҳоршанбе дар интихоботи миёндавраӣ ба унвони намояндаи ҳизби демократ ба конгресси ин кишвар роҳ ёфт, гуфт: “Бояд бо сиёсатҳои табъизомези Доналд Трамп муқобила кунем”.
Як сол пас аз ба роҳ афтодани ҷунбиши “me too” ва беэътимодӣ ба Доналд Трамп, шумори заноне, ки барои вуруд ба Конгресси Амрико вориди рақобатҳои ноябри 2018 мешаванд, дар ҳадди бесобиқае афзоиш ёфтааст.
Барчасп