Афзоиши касрии будҷаи Амрико дар натиҷаи иқдомоти Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37270-Афзоиши_касрии_будҷаи_Амрико_дар_натиҷаи_иқдомоти_Трамп
Дафтари будҷаи Конгресси Амрико гузориш дод, дар натиҷаи иқдомоти раисҷумҳури ин кишвар касри будҷа афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 11, 2018 17:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши касрии будҷаи Амрико дар натиҷаи иқдомоти Трамп

Дафтари будҷаи Конгресси Амрико гузориш дод, дар натиҷаи иқдомоти раисҷумҳури ин кишвар касри будҷа афзоиш ёфтааст.

Дафтари будҷаи Конгресси Амрико эълом кард, касри будҷаи федерал дар 10 моҳи нахусти соли молии 2018, 20 дарсад афзоиш дошта, ки дар натиҷаи тарҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар дар коҳиши молиётҳо ва афзоиши ҳазинаҳо будааст.

Аз аввали октябри 2018 то июл ҳазинаҳо аз даромад фаротар рафта ва касри будҷа ба 682 миллиард доллар расида, ки 116 миллиард доллар бештар аз ҳамин давраи замонии  соли молии 2017 аст.