Трамп ҳамаи демократҳоро фосид хонд
Раисиҷумҳури Амрико, ҳамаи демократҳоро фосид хонд ва онҳоро ба коршиканӣ алайҳи худ, муттаҳам кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе дар паёмҳое дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт, демократҳо талош карданд, интихоботро ба сирқат бибаранд ва таҳти нуфузи худ дароваранд.
Раисиҷумҳури Амрико дар идома, ҳамагии демократҳоро фосид хонд, ки аз ихтиёроташон сӯиистифода кардаанд.
Ҷидолҳои лафзӣ миён Трамп ва демократҳо бо наздик шудан ба замони интихоботи миён давраӣ, ташдид шудааст.
Натоиҷи назарсанҷиҳо нишон медиҳад, Ҳизби демократ аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ мавқеияти беҳтаре дорад.
Интихоботи миёндавраӣ дар Амрико, ноябри 2018 баргузор ва дар он тамоми 435 курсии Маҷлиси намояндагон ва аз се як ҳисаи курсиҳои Сенат ба раъй гузошта хоҳад шуд.