Август 18, 2018 11:34 Asia/Dushanbe
  • Дидабони Ҳуқуқи Башар: Амрико ва Британия шарикони ҷинояти Арабистон дар Яман

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар, Амрико ва Британияро шарики ҷинояти ахири эътилофи мутаҷовизи Саудӣ дар Яман донист, ки тайи он автобуси ҳомили кӯдакони яманӣ ҳадаф қарор гирифт.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Ал - Маёдин”, ин созмон бар зарурати анҷоми таҳқиқоти Созмони Милал дар хусуси нақзи қонунҳои ҷангӣ таъкид кард ва афзуд, Амрико ва Британия миллиардҳо доллар силоҳ ба Арабистони Саудӣ фурӯхтаанд ва эътилоф (мутаҷовиз) - и онҳо автобуси ҳомили кӯдакони яманиро ҳадаф қарор дод.

Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар эълом кард, ҷинояти ҳафтаи гузашта дар Саъдаи Яман бояд ҳодисае таъйинкунанда бошад.

Режими мутаҷовизи Саудӣ рӯзи панҷшанбеи 9 – уми август автобуси ҳомили кӯдакони яманиро дар шаҳри Заҳёни вилояти Саъда, дар шимоли ғарби ин кишвар ҳадаф қарор дод, ки бар асоси омори Вазорати беҳдошти Яман дар ин ҷиноят 50 кӯдак кушта ва 77 нафари дигар захмӣ шуданд.

 

Барчасп