Сентябр 01, 2018 12:29 Asia/Dushanbe
  • Соати Аврупо собит мемонад

Бар асоси тарҳи пешниҳодии камиссиони Аврпуо тағйири соати фаслӣ дар тамомии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо мутаваққиф мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии камиссиони Аврупо, Жон Клод Юнкир раиси камиссиони Аврупо бо истинод ба натиҷаи  назархоҳии интернетӣ ва таъиди тарҳи тасвибшуда дар парлумони Аврупо эълом кард ба зудӣ пешниҳоде барои таваққуфи тағйири соати тобистонӣ ба зимистонӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Раиси камиссион Аврупо ин тарҳро барои саломати ҷисмӣ ва равонии сокинони Аврупо мусбат донист.

Ин гузориш ҳикоят мекунад, ки бар асоси як назарсанҷии интернетӣ 84 дарсади сокинони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо собит мондани соат дар фаслҳои мухталифи сол, мавофиқ ва умедворанд ин тарҳ ҳарчи зудтар иҷроӣ шавад.

Иттиҳодияи Аврупо дар охирин дастурамали худ аз кишварҳои узв хоста буд дар охирин якшанбеи моҳи март соатро  пеш бикашанд  ва дар охирин якшанбеи моҳи октябр низ ба ҳолати пешкӣ бозгардонанд. Ин иқдом аз соли 1996 пас аз муштарак кардани тақвимҳо дар байни кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба иҷро гузошта шуд.

Барчасп