Эл Гор: Трамп истеъфо диҳад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37786-Эл_Гор_Трамп_истеъфо_диҳад
Муовини собиқи раёсатҷумҳури Амрико, аз раисҷумҳури феълӣ хост, то истеъфо диҳад.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 02, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
  • Эл Гор: Трамп истеъфо диҳад

Муовини собиқи раёсатҷумҳури Амрико, аз раисҷумҳури феълӣ хост, то истеъфо диҳад.  

Эл Гор, муовини Бил Клинтон, раисҷумҳури собиқи Амрико гуфт, Доналд Трамп, раисҷумҳури феълӣ ба тавсияҳо дар бораи тағйироти обуҳавоӣ ва аҳаммият доштани ҳаво ва оби тамиз аҳаммияте намедиҳад.  

Вай афзуд, афзоиши дамои замин ва оташсӯзиҳои густарда аз ҷумла дар Амрико нодурустии сиёсатҳои Трамп алайҳи тавофуқномаи обуҳавоии Парижро ошкор мекунад.