Идомаи иқдоми қабеҳи Арабистон дар робита ба маносики ҳаҷ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i3781
Уламои динӣ ва шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони Ислом аз сиёсатҳои Арабистон нисбат ба маносики ҳаҷ интиқод карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 08, 2016 14:51 Asia/Dushanbe
  • Идомаи иқдоми қабеҳи Арабистон дар робита ба маносики ҳаҷ

Уламои динӣ ва шахсиятҳои сиёсии ҷаҳони Ислом аз сиёсатҳои Арабистон нисбат ба маносики ҳаҷ интиқод карданд.

Ба гузориши "ал-Олам", уламои динӣ ва шахсиятҳои сиёсии мухталифи ҷаҳони Ислом бо қабеҳ хондани иқдоми Арабистон дар робита ба монеаэҷодкунӣ ҷиҳати ҳузури ҳоҷиҳои бархе кишварҳо дар маносики ҳаҷи имсол хостори мушорикати ҷаҳони Ислом дар мудирияти ҳаҷ шудаанд. Шабакаи телевизионии "ал-Олам" дар гузорише эълом кард, маҳкумияту қабеҳ шуморидани иқдоми Арабистон дар робита мамониат аз ҳаҷи ҳоҷиҳои он даста аз кишварҳое, ки бо ин кишвар иттифоқ назар надоранд, дар миёни шахсиятҳои динӣ ва иҷтимоии ҷаҳон Ислом идома дорад.

Дар Сурия Муҳаммад Абдуссаттор Сайид, вазири авқофи ин кишвар эълом кард, низоми сиёсии Арабистон барои панҷумин сол аст, ки ҳоҷиҳои суриро аз анҷоми фаризаи ҳаҷ манъ кардааст. Ӯ ҳуккоми Риёзро муттаҳам кард, ки аз маконҳои динӣ барои аҳдофи сиёсӣ ва сиёсатҳои такфирии худ сӯистифода мекунанд. Дар Ироқ низ Шайх Холид Мулло, раиси Ҷамъияти уламои ин кишвар хостори он шуд, то уламои бузурги ҷаҳони Ислом мудирияти ҳаҷро бар уҳда бигиранд. Пештар Анҷумани уламои Яман ҳам дар баёнияе иқдоми режими Саудиро дар мавриди монеатарошӣ ҷиҳати мушорикати мардуми ин кишвар дар маносики ҳаҷ маҳкум карда буд. Режими Оли Сауд дар дувумин соли мутаволӣ яманиҳоро аз маносики ҳаҷ маҳрум кардааст.

Ҳазорон зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ рӯзи Иди Қурбони гузашта (24 сентябри 2015) дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамини Мино ба далели сӯитадбири масъулони Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.