Сентябр 04, 2018 17:29 Asia/Dushanbe
  • Марги бунёнгузори гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ

Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, асосгузор ва роҳбари гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ ба ҳалокат расидааст.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, давоми солҳои охир Ҳаққонӣ мариз ва бистарӣ шуда буд.

Гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ баъд аз ҳамла ба низомиёни амрикоӣ ва биноҳои давлатӣ дар Афғонистон дар соли 2012 ба феҳристи гурӯҳҳҳои терорристӣ дар Амрико дохил карда шудааст.

Дар соли 2012 ҷангҷӯёни ин гурӯҳ ба сафорати Амрико дар Кобул ҳамла карда буданд.

Гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ бо дигар гурӯҳҳои террористии ҳамкории наздик дорад аз ҷумла бо гурӯҳи Толибон ва Алқоида.