Сентябр 06, 2018 16:01 Asia/Dushanbe
  • Боздошти имоми масҷид дар Афғонистон ба иттиҳоми бомбгузорӣ

Мақомоти пулиси устони Ҳироти Афғонистон эълом карданд, ки имоми масҷидеро дар шаҳри Ҳирот ҳамроҳ бо ду муридаш ба иттиҳоми ҳамроҳ доштани маводи тарканда ва қасди бомбгузорӣ, дастгир кардаанд.

Ба гузориши ИРНА, дафтари матбуотии раёсати амнияти миллии устони Ҳирот, рӯзи панҷшанбе бо судури иттилоияе зимни эъломи боздошти ин афрод, афзудааст, ки муттаҳамон ҳангом боздошт дорои маводи тарканда буданд.

Дар ин иттилоия омадааст, ки нерӯҳои иттилоотии ин созмон тавонистаанд, се муттаҳам ба иқдоми террористиро аз як масҷид дар минтақаи Дарби Қандаҳори Ҳирот боздошт кунанд.

Иттилоияи раёсати амнияти миллии Ҳирот таъкид кардааст, ки афроди боздошт шуда ба ҷурми худ бино бар ҳамкорӣ бо мухолифони‎ мусаллаҳи давлати Афғонистон, эътироф кардаанд ва онҳо барои бозҷӯӣ ва муҳокима ба масъулони марбут супурда шуданд.

Дишаб ҳамзамон бо ду инфиҷори интиҳорӣ дар Кобул (пойтахти Афғонистон), ки дастикам 22 кушта ва 70 захмӣ бар ҷо гузошт, ду мавриди инфиҷори пайдарпай низ дар шаҳри Ҳирот рух дод.

Инфиҷорҳои Ҳирот, ки дар минтақаи Гулҳо ва Парки Фарҳанги ин шаҳр рух дод, аз навъи инфиҷорҳои савтӣ буд ва танҳо шаш захмӣ дошт.

Вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон ва дар ҳамсоягии устони Хуросони Разавии Эрон аст.