Тарҳи демократҳо барои муқобила бо ҳимояти Трамп аз Оли Сауд дар ҷанги Яман
(last modified 2018-09-18T05:10:58+00:00 )
Сентябр 18, 2018 10:10 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи демократҳо барои муқобила бо ҳимояти Трамп аз Оли Сауд дар ҷанги Яман

Демократҳо дар садади ироаи тарҳе барои таваққуфи ҳимояти раисҷумҳури Амрико аз режими Оли Сауд дар ҷанги Яман ҳастанд.

Ба гузориши торнамои “Ҳилл”, гурӯҳе аз демократҳои Маҷлиси намояндагони Амрико дар садади ироаи қатъномае ба мӯҷиби Қонуни ихтиёроти ҷанг ҳастанд, ки Вашингтонро мулзам ба хурӯҷи нерӯҳояш аз ҷанги Яман мекунад.

Дар Қонуни Асосии Амрико ихтиёри эълони ҷанг дар инҳисори Конгресс аст ва Қонуни ихтиёроти ҷанги мусавваби соли 1973 низ шароити хосеро барои раисҷумҳур ба манзури истифода аз артиш дар муноқишоти фаромарзӣ дар назар гирифтааст.

Аъзои демократи Маҷлиси намояндагон ва сенаторҳои демократи Амрико низ пештар аз иқдомоти давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳимоят аз ҷиноёти ҷангии Арабистон дар Яман ба шиддат интиқод карда буданд.

Режими Саудӣ бо ҳимояти таслиҳотӣ ва иттилоотии Амрико ва Бритониё аз марти соли 2015 ба Яман ҳамла карда, ки мунҷар ба куштори занону кӯдакони яманӣ бо силоҳҳои амрикоӣ ва бритониёӣ шудааст.

 

Барчасп