Пасларзаҳои кудатои Туркия, таъкиди дубораи Эрдуғон бар таҳвили Гулен
(last modified Wed, 20 Jul 2016 09:38:02 GMT )
Июл 20, 2016 14:38 Asia/Dushanbe
  • Пасларзаҳои кудатои Туркия, таъкиди дубораи Эрдуғон бар таҳвили Гулен

Бо гузашти ҳудуди чаҳор рӯз аз кудатои нофарҷоми Туркия, боздошт ва барканории мухолифони давлати Эрдуғон дар ин кишвар ҳамчунон идома дорад ва Эрдуғон низ дар тамоси телефонии раисҷумҳури Амрико аз Обама хостааст, Фатҳуллоҳ Гуленро ба Анкара таҳвил диҳад.

Ба иттилои манобеи хабарӣ, Барак Обама, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия телефонӣ гуфтугӯ кард.

Дар ин гуфтугӯ Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз Обама хост, Гуленро, ки раҳбари ҷунбиши Ҳизмат ва аз мухолифони давлати Туркия аст, таҳвили Анкара диҳад.

Обама низ дар ин гуфтугӯ бо таъкид бар лузуми хештандории давлати Анкара дар бархурд бо омилони кудатои нофарҷом гуфт: Амрико омодаи кумак ба таҳқиқоти Туркия дар бораи кудатои нофарҷоми ҳафтаи гузашта аст.

Дар ҳамин ҳол Фатҳуллоҳ Гулен рӯзи сешанбе бори дигар ҳаргуна дахолат дар кудатои нокоми ин кишварро рад кард ва аз давлати Амрико хост, аз истирдоди ӯ ба Туркия худдорӣ кунад.

Мақомоти давлати Туркия Гуленро омили аслии талош барои кудато муаррифӣ карда ва дар ҳоли боздошти афроде ҳастанд, ки ба иддаои Анкара аз Гулен табаият мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Созмони омӯзиши олии Туркия, фаъолияти беш аз 15 ҳазор корманди худ ва низ 21 ҳазор муаллими шоғил дар муассисоти хусусиро дар иртибот бо кудатои нофарҷоми ахир ба ҳолати таълиқ даровад.

Як мақоми амниятии Туркия низ аз ихроҷи 8 ҳазор маъмури полис дар саросари ин кишвар ба иттиҳоми иртибот бо кудатои нофарҷоми ахир хабар додааст.

Давлати Туркия ҳамчунин муҷаввизи фаъолияти 24 расонаи ин кишварро, ки бо Фатҳуллоҳ Гулен пайванд доштанд, лағв кард.

Ин дар ҳолест, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия аз ин ихроҷҳо дифоъ карда ва гуфтааст: Ба поксозӣ дар ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ идома хоҳад дод.

Ҷумъа шаби гузашта гурӯҳе аз нерӯҳои артиши Туркия ҳамроҳ бо адавоти низомӣ дар Истанбул ва Анкара вориди хиёбонҳо шуданд ва эълом карданд, контроли умурро дар даст гирифтаанд, аммо бо ҳузури ба мавқеи мардуми Туркия дар хиёбон, кудато ноком монд.