Ню-Йорк Таймс: Фирори домоди Трамп аз пардохти молиёт
(last modified 2018-10-14T08:52:34+00:00 )
Октябр 14, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
  • Ню-Йорк Таймс: Фирори домоди Трамп аз пардохти молиёт

Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» дар гузорише эълом кард, Ҷаред Кушнер домоди раиси ҷумҳурии Амрико дар солҳои гузашта бо истифода аз гурезгоҳҳои қонунӣ, аз пардохти бахши умдае аз молиёти худ сар боз задааст.

Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» навишт: Сармояи Кушнер беш аз 300 миллион доллар баровард шуда, аммо вай барои чандин сол тақрибан ҳеҷ молиёте пардохт накардааст.

Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» сешанбе 2 октябр низ дар як гузориш эълом кард, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико дасти кам 413 миллион доллар аз сарвати падарашро соҳиб шуда, ки бахш зиёде аз ин пул ҳосили тахаллуфҳои молиётӣ дар даҳаи 90 мелодӣ будааст.

Асноди «Ню-Йорк Таймс» нишон медиҳанд, ки Трамп ба падараш кумак карда аз то аз ҳисоби тахаллуфҳои молиётӣ аз сармояи қобили таваҷҷуҳе бархурдор шавад.

Раиси ҷумҳурии Амрико то кунун бар хилофи пешиниён худ, аз интишори умумии изҳорномаи молиётиаш худдорӣ карда, мавзӯе ки бо интиқодҳои густурда рӯбарӯ шудааст.

Акнун яке аз ваъдаҳои намояндагони ҳизби демократ дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи ояндаи конгресс, мулзам кардан Трамп ба интишори изҳорномаи молиётиаш аст. Интихоботи миёндавраии конгресси Амрико қарор аст шашуми ноябр баргузор шавад.

 

Барчасп