Вуруди мори яку ним метрӣ ба бонке дар Чин+видео
Октябр 14, 2018 15:11 Asia/Dushanbe
Вуруди мори яку ним метрӣ ба сохтмони бонке дар ҷануби Чин коркунони ин бонкро ба шиддат тарсонд.
Субҳи рӯзи ҷумъа замоне, ки коркунони бонке дар шаҳри Нанинг дар ҷануби Чин қабл аз шуруи кори бонк дар ҳоли баррасии масоили марбута буданд ва дар салони маҳалли кор истода буданд, ногаҳон як мори питон ба тӯл яку ним метр аз самти сақф ба самти кафи замин суқут кард.
Коркунони бонк бо мушоҳидаи ин мор ба шиддат тарсиданд ва ба суръат аз салон хориҷ шуданд.