Афзоиши шумори қурбониёни инфиҷори хати лулаи интиқоли нафт дар Нигерия
(last modified Tue, 16 Oct 2018 12:00:26 GMT )
Октябр 16, 2018 17:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни инфиҷори хати лулаи интиқоли нафт дар Нигерия

Хабаргузории Ройтерз аз афзоиши шумори қурбониёни инфиҷори хати лулаи нафт дар шарқи иёлоти Абиа дар ҷануби шарқи Нигерия хабар дод.  

Шумори қурбониёни инфиҷор ва оташсӯзӣ дар хати лулаи интиқоли нафти ширкати миллии нафти Нигерия дар иёлоти Абиа, ки ҷумъа рух дод, ба 60 нафар расидааст.

Мақомоти маҳаллӣ пештар шумори қурбониёни ин ҳодисаро 24 нафар эълом карда буданд.

Даҳҳо нафар низ дучори сӯхтагии шадид шудаанд ва интиқоли нафт аз ин хати лула мутаваққиф шудааст.