Октябр 20, 2018 11:28 Asia/Dushanbe
  • Фасоди густардаи ахлоқии неруҳои полиси Амрико

Натиҷаҳои таҳқиқоти нав, ҳокӣ аз фасоди густардаи ахлоқии неруҳои полиси Амрико аст.

Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, натиҷаҳои таҳқиқоти донишгоҳи иёлатии "Болинк Грин" дар Амрико нишон медиҳад, ки мардони полиси амрикоӣ тайи 9 соли гузашта 405 маврид муртакиби таҷовуз шудаанд.

Ин гузориш, аз мақомҳои амрикоӣ хостааст, ки бо гирифтани тадбирҳои мушаххас иқдом ба поксозии дастгоҳи полис аз ин гуна афрод ва пешгирӣ аз чунин ҷурмҳое кунанд.

Донишгоҳи Болинк Грин, ҳамчунин дархост кардааст, ки дар ростои ҳазфи ин гуна ҷурмҳо дар дастгоҳи полисии  Амрико афроде, ки пештар дар марказҳои давлатӣ аз кор барканор мешаванд ба истихдоми полис дар наёянд.

Дар ин гузориш ҳушдор дода шудааст, таҷовузи ҷинсӣ дар Амрико ба шаддат афзоиш ёфтааст.

Гузоришҳои мутаъадиде аз фасод ва рафтори ғайри ахлоқии полиси Амрико токунун мунташир шудааст.

 

Барчасп