Вокуниши Ҳикматёр ба интихоботи парлумонии Афғонистон
Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон интишори гузоришҳо дар бораи ҳузури миллионии мардуми ин кишвар дар интихоботи парлумониро нодуруст ва тамасхуромез хонд.
Вай бо ишора ба масдуд боқӣ мондани шуморе аз марокизи раъйдиҳӣ изҳороти Комиссияи интихоботи Афғонистон дар бораи муваффақиятомез будани баргузории интихоботи парлумонии ин кишварро рад кард.
Ин дар ҳолест, ки Ҷамолиддин, писари Гулбиддин Ҳикматёр ҳам яке аз номзадҳои интихоботи парлумонии Афғонистон аст.
Интихоботи парлумонии Афғонистон бо ҳузури беш аз 4 миллион нафар дар 32 вилоят аз сиву чаҳор вилояти ин кишвар бо вуҷуди таҳдидоти амниятии рӯзҳои 20 ва 21 октябри 2018 баргузор шуд.
Ин аввалин бор нест, ки раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон бархилофи манофеи миллии ин кишвар мавзеъгирӣ кардааст.
Ҳикматёр аз замони имзои тавофуқномаи сулҳ бо давлати Афғонистон дар октябри 2016 ва пас аз он вуруд ба Кобул, мавозее иттихоз карда, ки бо равандҳои миллӣ дар ин кишвар ба хусус Қонуни асосӣ дар таоруз будааст.
Саидисо Мазорӣ, коршиноси сиёсӣ ва дабири кулли Ҳизби исломии тебёни Афғонистон гуфта, мутаассифона Ҳикматёр на танҳо ба барқарории сулҳ дар ин кишвар кумак накарда, балки суханони ҷанҷолии вай афкори умумии Афғонистон ва фазои сиёсӣ–амниятии кишварро муташанниҷ кардааст.
Ин дидгоҳ вуҷуд дорад, ки ноумедии Ҳикматёр аз Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон барои ҳузур дар давлати ваҳдати миллии ин кишвар ва ҳамчунин ҷойгоҳи башиддат заифи вай дар байни эътилофи мухолифони сиёсии давлати Кобул, муҷиб шуда, то раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон беш аз гузашта ба тарҳи мавозеи ҷанҷолӣ ва ихтилофсоз дар муҳити сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар бипардозад.