Октябр 29, 2018 11:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷаҳон ба “ҷанги сард” бозме‎гардад

Нахуствазири Чехия гуфт, бо хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии силоҳҳои миёнбурд бо Русия дубора ба даврони “ҷанги сард” бозмегардем.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Андрей Бобис дар нишасти хабарии муштарак бо Ҷеймз Матис, вазири дифои Амрико дар Прага бо арзёбии хурӯҷи Амрико аз паймони ҳастаӣ бо Русия ба унвони "хабари бад" аз ин бобат изҳори ғофилгирӣ кард. Ӯ гуфт: “Равобити Амрико ва Русия ормонӣ нест ва мо ба замони “ҷанг сард” бозмегардем”.

Чехия кишвари коммунистии собиқ аст, ки бо пайвастан ба НАТО дар моҳи марти соли 1999 ба муттаҳиди Амрико табдил шудааст.

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп душанбеи гузашта эълом карда буд, ки кишвараш баъд аз хурӯҷи Амрико аз паймони силоҳҳои ҳастаии миёнбурд бо Русия ба тақвияти зарродхонаи ҳастаияш иқдом кардааст. Русия низ эълом карда буд, ки ин тасмим мумкин аст, амнияти ҷаҳонро ба хатар андозад.

Охири ҳафтаи гузашта Доналд Трамп бо эъломи нияташ доир бар хурӯҷи Амрико аз паймони ҳастаӣ бо Русия ҷаҳонро нигарон кард.