Трамп: Саудиҳо худашонро фиреб доданд, на маро
Раисиҷумҳури Амрико гуфт, саудиҳо дар масъалаи қатли Хошуқҷӣ, на ӯро балки худашонро фиреб додаанд.
Ба гузориши шабакаи хабарии СНН, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бомдоди панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «саудиҳо дар бораи Хошуқҷӣ маро фиреб надодаанд, балки мумкин аст, худашонро фиреб дода бошанд ва хоҳем дид корҳо ба куҷо мекашад.»
Дар ҳамин ҳол пойгоҳи хабарии шабакаи СНН навишт, Трамп ба рағми ин изҳороташ аз паёмадҳои моҷарои қатли Хошуқҷӣ, асабонӣ аст ва эҳсос мекунад саудиҳо ба ӯ хиёнат кардаанд.
СНН афзуд, Трамп аз ин, ки масъалаи қатли Хошуқҷӣ боис шуда худаш ва домодаш, Jared Kushner дар баробари Арабистон заиф баназар бирсанд, норозӣ аст.
СНН ҳамчунин навишт, ривояти мақомҳои саудӣ дар бораи сарнавишти Ҷамол Хошуқҷӣ аз замони нопадид шудани ӯ борҳо тағйир кардааст.