Афзоиши дурӯғҳои Трамп дар остонаи интихоботи миёндавраии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39234-Афзоиши_дурӯғҳои_Трамп_дар_остонаи_интихоботи_миёндавраии_Амрико
Як рӯзномаи фаронсавӣ аз афзоиши дурӯғҳои Трамп барои ҷалби раъйҳои бештар ба нафъи ҳамҳизбиҳояш дар интихоботи миёндавраии Амрико хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 04, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши дурӯғҳои Трамп дар остонаи интихоботи миёндавраии Амрико

Як рӯзномаи фаронсавӣ аз афзоиши дурӯғҳои Трамп барои ҷалби раъйҳои бештар ба нафъи ҳамҳизбиҳояш дар интихоботи миёндавраии Амрико хабар дод.

Рӯзномаи Le Point (Ле-Поинт) дар мақолае навишт: Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико барои ҷалби назари раъйдиҳандагон дар интихоботи миёндавраии ин кишвар, бозӣ бо воқеиятро дастовези худ қарор дода ва ба дурӯғгӯии ҳарчи бештар рӯй овардааст.

Le Point ба суханони Трамп дар гирдиҳамоии интихоботии 22 октябр ва ваъдаи коҳиши 10-дарсадии молиёт барои қишри мутавассит ишора кард ва ёдовар шуд: Трамп дар он суханронӣ ба дурӯғ гуфт, ки коҳиши молиётҳо аз ду ҳафтаи дигар ҷорӣ мешавад, Ҳол он ки конгресс то баъд аз баргузории интихоботи миёндавраӣ ташкили ҷаласа нахоҳад дод ва аз ин рӯ иҷрои ин ваъда номумкин аст.

Ин рӯзномаи фаронсавӣ иддаои Трамп дар бораи шумори фурсатҳои шуғлии ҳосил аз муомилаи таслиҳоти 110-миллиарддолларӣ бо Арабистон ва нуфузи ифротгароёни ховаримиёнаӣ дар корвони дар ҳоли ҳаракати муҳоҷирони Амрикои Марказӣ ба сӯи Амрико, намунаҳои дигаре аз дурӯғҳои Трамп баршумурд.

Le Point афзуд: Трамп ҳамчунин аз оғози амалиёти сохти девор дар марзи Мексика хабар дода ва дар Твиттери худ, аксе аз як ҳисор мунташир кард, ҳол онки ин ҳисор дар соли 2009 эҷод шудааст ва ба девори бетонии 12-метрӣ, ки ӯ ваъда додааст, ҳеҷ шабоҳате надорад.

Интихоботи миёндавраии Амрико рӯзи сешанбе баргузор ва дар бахши муҳимме аз он ҳамаи 435 курсии Маҷлиси намояндагон ва як севуми курсиҳои Сенои Амрико ба раъй гузошта хоҳад шуд.