Рӯнамоии Чин аз мушаки мофавқуссавти ҷадид
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39371-Рӯнамоии_Чин_аз_мушаки_мофавқуссавти_ҷадид
Чин дар намоишгоҳи ҳавоӣ дар ҷануби ин кишвар аз як навъ мушаки ҷадиди мофавқуссавт (зудтар аз садо) рӯнамоӣ кард. Ин намоишгоҳ рӯзҳои шашум то ёздаҳуми ноябр дар шаҳри Жуҳай (Zhuhai)-и вилояти Гуандонг, ҷануби Чин баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2018 13:58 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоии Чин аз мушаки мофавқуссавти ҷадид

Чин дар намоишгоҳи ҳавоӣ дар ҷануби ин кишвар аз як навъ мушаки ҷадиди мофавқуссавт (зудтар аз садо) рӯнамоӣ кард. Ин намоишгоҳ рӯзҳои шашум то ёздаҳуми ноябр дар шаҳри Жуҳай (Zhuhai)-и вилояти Гуандонг, ҷануби Чин баргузор шуд.

Ин мушаки Чин аз мушакҳои навъи крузи мофавқуссавти HD-1 аст, ки метавонад барои ҳадаф қарор додани киштиҳои ҳавопаймобар мавриди истифода қарор гирад ва қудрати тахриби бисёр болое дорад. Мушаки ҷадиди мофавқуссавти Чин ду ҳазору 200 килограм вазн дорад ва метавонад аҳдофашро дар фосилаи 290-километрӣ ҳадаф қарор диҳад.

Дар ин намоишгоҳ ҷети ҷангандаи G-20-и радаргурези Чин, аз насли ҳавопаймоҳои размии ҷадид ва навъе аз ҳавопаймои борбари Y-20 низ ба намоиш гузошта шудааст.