Қонунгузори мусалмони амрикоӣ: Трампро метавон бо пул харид
Нахустин намояндаи зани мусалмони Маҷлиси намояндагони Амрико раисҷумҳури ин кишварро фарде донист, ки Арабистон ӯро бо пул харидааст.
Ба гузориши ИРНА, Илҳон Умар, намояндаи зани мусалмони Маҷлиси намояндагони Амрико, ки дар интихоботи миёндавраии шашуми ноябр ба Маҷлиси намояндагони Амрико роҳ ёфт, Доналд Трампро фарде дар хидмати Риёз донист, ки тавони ташхиси дуруст аз нодурустро надорад.
Илҳон Умар - намояндаи демократи иёлати Миннесота дар вокуниш ба баёнияи раисҷумҳури Амрико, ки Арабистон ва Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудиро дар моҷарои қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақид шоистаи муҷозот надонист, дар ҳисоби корбарии Твиттери худ навишт: Арабистони Саудӣ собит кард, ки метавон як раисҷумҳуриро харид.
Трамп дар баёнияи рӯзи сешанбеи худ бар аҳамияти равобити Вашингтон ва Риёз бидуни таваҷҷуҳ ба муҷрим будани мақомҳои баландпояи саудӣ дар парвандаи қатли Хошуқҷи таъкид кард.
Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ 2 - юми октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия нопадид шуд.
Режими Саудӣ ҷумъаи 19 –уми октябр саранҷом таҳти фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъйид кард, Хошуқҷи дар консулгарии ин кишвар ба қатл расидааст.