Декабр 06, 2018 20:29 Asia/Dushanbe
  • Сенатори амрикоӣ: Бетаваҷҷуҳӣ дар моҷарои Хошуқҷӣ, куштор дар Арабистонро ташдид мекунад

Сенатори амрикоӣ ҳушдор дод, агар давлати Трамп дар моҷарои қатли Хушуқҷӣ, бетаваҷҷуҳӣ нишон диҳад, раванди куштори сиёсӣ дар Арабистон идома хоҳад ёфт.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии рӯзномаи Вашингтон Таймз,  Rand Paul, сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико ҳушдор дод, чашм бастан ба рӯйи иқдомоти саудиҳо бавижа қатли бераҳмонаи Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Арабистон, мӯҷиби афзоиши эъдоми зиндониён ва идомаи раванди ҳазф ва террори чеҳраҳои сиёсии ин кишвар хоҳад шуд.

Rand Paul таъкид кард, Амрико бояд сарфи назар аз манофеи иқтисодии эътилоф бо Арабистон, сатҳи равобити худро бо ин кишвар коҳиш диҳад.

Ҷамол Хошуқҷӣ, 2 октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия нопадид шуд.

Режими Саудӣ баъд аз 18 рӯз сукут ва инкор, саранҷом таҳти фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъйид кард, ки Хошуқҷӣ ба қатл расидааст.

Расонаҳо ба нақл аз гузориши ниҳодҳои иттилоотии Туркия ва Ожонси иттилооти марказии Амрико хабар додаанд, ки Хошуқҷӣ бо дастури мустақими шахси Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ба қатл расидааст.

Мақомоти давлати Амрико, дар рӯзҳои ахир бо вуҷуди ифшои даст доштани режими Саудӣ дар қатли Хушуқҷӣ, аз ин режим дифо мекунанд.

Давлати Амрико, токунун аз маҳкумияти Риёз дар парвандаи қатли Хошуқҷӣ, худдорӣ ва талош кардааст то аз қарордодҳои низомии ҳангуфти худ бо Риёз ҳифозат кунад.

 

Барчасп