Декабр 23, 2018 18:59 Asia/Dushanbe
  • Тӯфони твиттерӣ барои истеъфои Трамп дар Амрико

Шумори зиёде аз шахсиятҳои маъруф ва намояндаҳои Конгресси Амрико, бо ирсоли паёмҳое дар Твиттер аз раисҷумҳури Амрико хостаанд, аз симматаш канорагирӣ кунад.

Намояндаҳои конгресс, ситораҳои синамо ва шаҳрвандони оддиии Амрико бо ирсоли паёмҳое бо ҳаштаги “#Trump Resign” (Трамп истеъфо бидеҳ) дар Твиттер, аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хостаанд, аз симматаш канорагирӣ кунад.  

Созмони эътилофи демократҳо алайҳи Трамп, ин тӯфони твиттериро роҳандозӣ кардааст, ки ин ҳаштги рӯзи шанбе ҳам дар дохили Амрико ва ҳам дар хориҷ аз ин кишвар тренд шудааст.

Барбара Ли, узви Маҷлиси намояндагони Амрико низ гуфт, ки Трамп сирфан бо паёмҳои твиттерӣ масири сиёсатамон дар Сурияро тағйир дода ва ин тасвире аз Кохи Сафеди буҳронзада аст.

 

Барчасп