Хашми муътаризон аз нутқи соли навии Макрон
(last modified 2019-01-01T13:42:03+00:00 )
Январ 01, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Хашми муътаризон аз нутқи соли навии Макрон

Беэътиноии раисҷумҳури Фаронса ба хостаҳои мухолифон дар нутқи соли нав хашми шаҳрвандон ва аҳзоби мухолифро барангехт.  

Садҳо ҳазор нафар аз мухолифони давлати Эммануел Макрон дар ҳоле, ки дар майдонҳо, бузургроҳҳо ва шаҳрҳои мухталиф аз ҷумла дар хиёбони Елисейскии Париж дар идомаи эътирозоти думоҳаи худ ба тамошои нутқи Макрон ба муносибати Соли нав нишаста буданд, баъд аз шунидани ин суханон хашмгин шуда ва эълом карданд, ҳамчунон ба эътирозоти худ то барканории Макрон идома хоҳанд дод.

Фаъолони ҷунбиши ҷилиқазрдҳо эълом карданд, пас аз ҳудуди ду моҳ эътироз, ки 10 кушта ва ҳазорон захмӣ ё боздоштӣ дошт, таваққуъ доштанд, раисҷумҳур дар нутқи Соли нав марҳаме бар дардҳои мардуми Фаронса бигузорад, аммо ӯ бори дигар бо беэътиноӣ аз канори хостаҳои муътаризон убур кард ва ҷумалоте такрорӣ ба забон овард.  

Сарони аҳзоби мухолифи давлат низ ҳамсадо бо аъзои ҷунбиши зидди сармоядорӣ суханони Макронро беасар ва гумроҳкунандаи афкори умумӣ донистанд.  

Шаҳрҳои мухталифи Фаронса аз ҷумла Париж таи ҳафт ҳафтаи гузашта, саҳнаи даргирии полис ва мардумест, ки бо пушидани ҷилиқаҳои зард ба сиёсатҳои иқтисодии давлат аз ҷумла афзоиши молиёти сӯхт эътироз кардаанд.

Ин эътирозҳо ба ақибнишинии давлати Фаронса ва лағви афзоиши молиёти сӯхт мунҷар шуд, аммо ҳамчунон алайҳи сиёсатҳои иқтисодии Эммануел Макрон, раисҷумҳури ин кишвар идома дорад.

 

Барчасп