Январ 01, 2019 20:03 Asia/Dushanbe
  • Як рақиб барои Трамп дар интихоботи 2020 ба майдон омад

Сенатори демократ ва мунтақиди сарсахти Трамп барои ҳузур дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2020 эъломи омодагӣ кард.  

Элизабет Варрен, сенатори демократ аз иёлоти Массачусетс рӯзи душанбе дар талош барои шикасти Доналд Трамп дар интихоботи 2020 гоме бузург ба сӯи номзад шудан дар ин интихобот бардошт.

Ин зани 69 солаи демократ аз 2013 намояндаи иёлоти Массачусетс дар Маҷлиси Сенат аст.

Элизабет Варрен матраҳтарин демократест, ки токунун барои рақобат бо Трамп дар интихоботи 2020 по ба майдон гузоштааст.

Варрен гуфтааст, ки кумитае муқаддамотӣ барои интихобот доир мекунад, то заминаи ҷамъоварии кумакҳои молии лозимро барои корзори интихоботии вай, фароҳам оварад.

Вай дар паёме видеоӣ, ки дар Твиттер мунташир карда гуфтааст: Табақаи мутавассити Амрико таҳти фишор аст.

Варрен мудом бо Трамп ҷидоли лафзӣ дорад ва Трамп низ борҳо ӯро тамасхур карда ва Покахонтас номидааст.

Покахонтас як зани бумии амрикоӣ буд, ки дар қарни 17 мезист ва дар таърихи Амрико ба хотири муборизоташ бо сокинони колонияҳо дар Вирҷиния маъруф аст.

 

Барчасп