Соли 2029: Соли авҷи рушди ҷамъияти Чин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40715-Соли_2029_Соли_авҷи_рушди_ҷамъияти_Чин
Пажӯҳишгарони давлатӣ дар Чин эълом карданд, ҷамъияти ин кишвар дар соли 2029 ба як миллиарду 442 миллион нафар хоҳад расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 05, 2019 17:03 Asia/Dushanbe
  • Соли 2029: Соли авҷи рушди ҷамъияти Чин

Пажӯҳишгарони давлатӣ дар Чин эълом карданд, ҷамъияти ин кишвар дар соли 2029 ба як миллиарду 442 миллион нафар хоҳад расид.

Ба гузориши Рейтерз, пажӯҳишгарони чинӣ эълом кардаанд, ин кишвар то соли 2029 рушди ҷамъиятро таҷриба мекунад, аммо аз соли 2030 раванди коҳиши ҷамъияти он оғоз мешавад.

Бар асоси ин гузориш, рушди нирӯи кори Чин мутаваққиф шудааст ва агар мизони таваллуд ҳамчунон поин бимонад, рушди ҷамъияти солманд таъсире шигарф бар тавсеаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар хоҳад дошт.

Ба бовари мунташиркунандагони ин гузориш, интизор меравад то миёнаҳои қарни 21 ҷамъияти Чин ба 1.36 миллиард нафар коҳиш ёбад ва ин ба-дон маъност, ки 200 миллион нафар аз ҷамъияти нирӯи кори ин кишвар коста хоҳад шуд.

Агар мизони таваллуд дар Чин бидуни тағйир бимонад, ҷамъияти ин кишвар дар соли 2065 ба як миллиарду 170 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Бино бар пешбиниҳо, интизор меравад, ҷамъияти солманди Чин то поёни соли 2035 ба 400 миллион нафар афзоиш ёбад.

Ин рақам дар соли 2018 ҳудуди 240 миллион нафар буд.