Ню-Йорк Таймз: Амрико токунун раисҷумҳуре номуносибтар аз Трамп надоштааст
(last modified 2019-01-06T13:10:30+00:00 )
Январ 06, 2019 18:10 Asia/Dushanbe
  • Ню-Йорк Таймз: Амрико токунун раисҷумҳуре номуносибтар аз Трамп надоштааст

Рӯзномаи муътабари амрикоӣ, дар матлабе бо ишора ба иқдомоти раисҷумҳури феълӣ ва сӯиистифодаи ӯ аз қудрат, вайро бадтарин раисҷумҳури Амрико дар тӯли таърих тавсиф кард.  

Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймз навишт: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар маросими таҳлифи худ савгандҳое ёд кард, ки муҳимтарини онҳо ҳифз, ҳаросат ва дифоъ аз Қонуни асосӣ буд, аммо ҳамвора онро зери по гузоштааст.

Дар гузориши ин рӯзномаи амрикоӣ омадааст, Трамп ҳамвора манофеи худро ба манофеи Амрико тарҷеҳ дода ва аз ҷойгоҳи худ барои пешбурди аҳдофи тиҷориаш истифода карда ва ба мардуми Амрико дуруғ гуфтааст.

Ню-Йорк Таймз навишт: Трамп аз масъулияти ҳамаи ин иштибоҳот шона холӣ мекунад ва дар иваз ба тазъифи системи бозрасии Амрико ва муҷозоти мухолифонаш мепардозад.