Январ 06, 2019 18:47 Asia/Dushanbe
  • Рӯзномаи саҳюнистӣ: Қудрати муқовимат дар соли 2019 афзоиш меёбад

Рӯзномаи саҳюнистии Маарив дар гузорише, бузургтарин чолиши режими ишғолгар дар соли 2019-ро ёфтани чорае барои муқобила бо қудрати фазояндаи ҷибҳаи муқовимати Сурия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон унвон кард.

Маарив навишт, хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз шимоли Сурия омили аслии нигаронии режими саҳюнистӣ аст.

Пеш аз ин, Тамир Ядаӣ, фармондеҳи ҷибҳаи дохилии артиши режими саҳюнистӣ бо ишора ба тағйири шароити Ховари Миёна гуфта буд: 2019 соле сахт ва печида барои Исроил аст, чаро, ки дар баробари чолишҳои бузурге қарор мегирад.

Ядаӣ афзуд, мушакҳои бо диққати болои Ҳизбуллоҳи Лубнон метавонад ҳар нуқта аз сарзаминҳои ишғолиро ҳадаф қарор диҳад.

 

Барчасп