Январ 09, 2019 13:25 Asia/Dushanbe
  • Таслим шудани 25 узви ДИИШ ва Толибон ба давлати Афғонистон

Биступанҷ узви Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар шарқи Афғонистон таслими нерӯҳои амниятии афғон шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, дафтари матбуотии волии Нангарҳор дар шарқи Афғонистон рӯзи сешанбе бо интишори баёнияе эълом кард, бо талоши идораи амнияти миллӣ ва бузургони ақвом, 16 узви Толибон ва 9 узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин вилоят силоҳҳои худро бар замин гузоштанд.

Ин афрод пеш аз ин дар ноҳияҳои Ҳасака, Мина, Хугиёнӣ, Ғанихел ва Очин дар вилояти Нангарҳор алайҳи ғайринизомиён ва нерӯҳои амниятӣ амалиёт мекарданд.

Чанде пеш низ даҳҳо мухолифи давлати Афғонистон дар ин вилоят бо таҳвили силоҳҳои худ ба раванди сулҳ дар Афғонистон пайвастанд.

 

Барчасп