Қувват гирифтани мавзӯи барканорӣ ё истеъфои Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40996-Қувват_гирифтани_мавзӯи_барканорӣ_ё_истеъфои_Трамп
Расонаҳои Амрико аз қувват гирифтани эҳтимоли барканорӣ ё истеъфои Трамп дар пайи ифшои абъоди ҷадиде аз равобити вай бо русҳо хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 16, 2019 11:35 Asia/Dushanbe
  • Қувват гирифтани мавзӯи барканорӣ ё истеъфои Трамп

Расонаҳои Амрико аз қувват гирифтани эҳтимоли барканорӣ ё истеъфои Трамп дар пайи ифшои абъоди ҷадиде аз равобити вай бо русҳо хабар доданд.

Торнамои нашрияи “Ҳилл”, органи Конгресси Амрико навишт, бо таваҷҷуҳ ба расонаӣ шудани таҳқиқоти полиси федерал (FBI), мавзӯи истеъфо ё барканории Доналд Трамп, раисҷумҳурӣ ва муовинаш Майк Пенс қувват гирифтааст.

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймс” ба тозагӣ дар гузорише ифшо кард, идораи полиси федерали Амрико таҳқиқотеро дар мавриди эҳтимоли ҳамкории раисҷумҳурӣ бо русҳо пас аз ихроҷи Ҷеймс Коми, мудири собиқи ФБР (FBI) дар соли 2017 оғоз кардааст.

Ба навиштаи “Ҳилл” таҳқиқоти FBI ба исботи суханони Кристофор Стиил, мудири собиқи иттилоотии Британия кумак мекунад, ки гуфта буд, Русия дар муддати дастикам панҷ сол ба Трамп кумак ва аз вай ҳимоят кардааст.

“Ҳилл” афзуд, раисҷумҳуре, ки бо қудрати хориҷии душман ҳамкорӣ кунад, дастикам ба далели тавтеа алайҳи Амрико ва ҳатто хиёнат гунаҳкор шинохта мешавад ва ин далеле вижа барои барканории Трамп бар асоси қонуни асосии Амрико фароҳам мекунад.