Таъкиди Созмони милал бар ҳамкории Миёнмор барои бозгашти оворагони руҳингиёӣ
(last modified Sun, 20 Jan 2019 08:32:31 GMT )
Январ 20, 2019 13:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Созмони милал бар ҳамкории Миёнмор барои бозгашти оворагони руҳингиёӣ

Дабири кулли Созмони милал аз давлати Миёнмор хост, бо ниҳодҳои байналмилалӣ барои бозгашти оворагони мусулмони руҳингиёӣ ба ин кишвар ҳамкории бештаре дошта бошад.

Ба гузориши ИРНА, Антониё Гуттереш гуфт: Давлати Миёнмор ҳаракати бисёр кунде барои бозгардондани оворагони мусулмони руҳингиёӣ ба ин кишвар дорад, дар ҳоле ки беш аз як миллион нафар аз ин афрод дар як соли гузашта дар Бангладеш дар шароити сахте ба сар бурдаанд.

Дабири кулли Созмони милал ҳамчунин афзуд: Аз иқдомоти Миёнмор дар бозгашти амни ин оворагон ноумед шудааст.

Давлати Миёнмор ин моҳ муҷаввизи сафари Филиппо Грандӣ комиссари олии паноҳандагони Созмони милал ба иёлати Рохинро барои боздид аз шароити бозгашти оворагон содир накард ва ба ҳамин далел ин сафар ба таъхир афтод.

Аз 25 августи 2017 дар ҳамлаҳои артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ ба мусулмонони руҳингиёӣ дар иёлати Рохин дар ғарби Миёнмор, беш аз шаш ҳазор мусулмони руҳингиёӣ кушта, ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва ҳудуди як миллион нафар ба Бангладеш овора шудаа